Дастат гирад касе, ки гирӣ дасташ...  

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастат гирад касе, ки гирӣ дасташ...  

Дар ҳошияи таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ятимону бепарасторон таҳти ҳимояи ҳамешагии давлат қарор дорад, таваҷҷуҳ ба кӯдакони ятиму имконияташон маҳдуд ва аз оилаҳои камбизоат аз ташаббусҳои хайрхоҳонаи фаъолони ҷомеа, ки солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин росто дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ аёдат ва расонидани кумакҳои хайрхоҳона ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ба вижа, кӯдакони имконияташон маҳдуд ва аз оилаҳои эҳтиёҷманд  аз иқдомҳои наҷибе мебошад, ки аз ҷониби масъулони муассисаҳои гуногуни давлатӣ амалӣ мегардад.

Аз ҷумла, дар доираи дастуру супоришҳои роҳбари давлат   бобати расонидани кумак ба кӯдакони ятиму имконияташон маҳдуд,  масъулони Муассисаи давлатии Маҷалаи "Бонувони Тоҷикистон", ки муассисаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба аёдати тарбиятгирандагони Мактаб интернати  ёрирасони №1 шаҳри Кӯлоб рафтанд.  

Дар ин рӯз аз ҷониби роҳбарияти Муассисаи давлатии Маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" ба 157 таҳсилгирандагони ин муассисаи таълимӣ ва 26 нафар омӯзгорону мураббияҳои муассисаи мазкур сару либоси мактабӣ тақдим карда шуда, ҳамчунин, барои тарбиятгирандагони ин даргоҳ дастархони идона орсота шуд. Тавре Муборак Тураева, директори Мактаб интернати ёрирасони №1 шаҳри Кӯлоб иброз медорад, дар муассисаи мазкур 157 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ва фикран қафомонд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бештари кӯдакони Мактаб интернати ёрирасони №1 шаҳри Кӯлоб аз хонаводаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои минтақа мебошанд, ки бо далели маҳдудиятҳои ҷисмониву заъфиятҳои зеҳнӣ аз таҳсилоти ибтидоӣ қафо монда, ҳамакнун маълумоти миёнаи умумиро дар ин дабистон мегиранд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,  

Далер ШАРИФОВ шаҳри Кӯлоб