БА МУНОСИБАТИ 26-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо арзи шукургузорӣ аз фазои ороми Ватан ҷашн мегирад. Рӯзи ваҳдатро ҳамчун муҳимтарин дастовардҳои истиқлолияти кишвар метавон ҳисоб кард, зеро дар қатори дигар санаҳои таърихии миллат барои ҳар як фарди тоҷикистонӣ муқаддас аст.

Вақте мо аз хусуси ваҳдат сухан меронем, ваҳдати тамоми халқҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доштаро дар назар дорем. Ба қавли дигар, ваҳдати миллӣ ин зиндагии орому осуда ва бо ин васила дилҳои пурсурури лабҳои пурхандаи ҳар фарди ҷомеа аст. Агар мо ба воқеаҳои иҷтимоии иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа аз нигоҳи таърихӣ назар андозем, мебинем, ки тамоми дастовардҳои миллат дар ҳар давру замон ба ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад ва маҳсули он аст. То ҳатто метавон гуфт, ки истиқлолияти ҷумҳурӣ низ ҳосиле аз боғи ваҳдат аст, зеро ҳеҷ қавме дар парокандагию парешонӣ истиқлолият ба даст оварда наметавонад ва ё онро тез аз даст медиҳад. Аз ин рӯ гуфтан метавон, ки истиқлолияти давлат бо ваҳдати миллӣ комилтар ва қавитар мегардад. Ҳар чӣ бештар ваҳдат мустаҳкам бошад, истиқлолият устувор мегардад. Зикр кардан ба маврид аст, ки барои ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ саҳму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад. Маҳз иродаи матину устувор ва мардонагии бемисли ӯ омили асосӣ ва муайянкунандаи ваҳдати миллӣ дар кишвар мебошад.