МОДАРОН-ҶОНИБДОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ДАР ТАМОМИ ҶАҲОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ваҳдат неъмати нодир барои мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Озодӣ ноёбтарин неъмати инсонӣ, нишони барҷастаи симо, кафолати рушду пешравӣ асоситарин шароити бақои ҳастии миллат давлат ва ваҳдати он мебошад. Ваҳдат ва созгорорӣ воситаи асосии нашъунамои ҳар миллат ва давлат аст. Боиси ифтихору сарбаландии мост, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрории сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида, дар тараққиёту инкишофи минбаъда пойдор шудани Ваҳдат нақши калон бозид.

Чуноне Президенти кишвар зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо ҷавонони кишвар таъкид намуда буданд: “Сулҳи мо осон ба даст наомадааст. Мо хатари парокандагии миллат аз харитаи дунё нест шудани давлат ва фоҷиаҳои даҳшатбору сангини ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардем. Ваҳдат на фақат дар шиору овехтаҳои деворӣ инъикос меёбад, балки он бояд дар тафаккур ва қалби мардум ҷой гиранд. Танҳо миллати бофарҳанг ҳар гуна маҳалгароӣ ва миллатгароиро паси сар намуда, ба ваҳдати куллӣ мерасад”.

Сулҳи тоҷиконро, ки дар баҳои ҷони ҳазорон тан ба даст омадааст ҳамеша бояд ҳифз кард, насли ояндаро дар руҳияи эҳтироми ватандӯстию ватандорӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намуд. Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама аз муттаҳидӣ ва боло гирифтани ақлу хиради солим гувоҳӣ медиҳад. Яъне иттиҳодӣ ва афкори сулҳхоҳонаи халқ буд, ки тоҷикон ба хотири пойдор мондани миллат ба муноқишаҳои дохилӣ хотима бахшиданд ва кинаву адоватро аз дилҳо дур карданд. Миллат бо гузоштани пойдевори сулҳ ба марҳилаи нави таърихи ворид шуд. Имрӯз иттиҳоду ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ маърифату зиракии сиёсӣ худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси ватандорӣ аз ҳарвақта бештар зарур аст.

Бо иштироки мудири бахши САҲШ-и шаҳри Кӯлоб Марям Саймуминзода, мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб вохӯрӣ баргузор карда шуд.