ДАР ТИ “ФАЙЗОБОДИ БОЛО” МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ 3-МОҲА БАРГУЗОР ГАРДИД

Кӯлоб: Ҳисобот  

ДАР ТИ “ФАЙЗОБОДИ БОЛО” МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ 3-МОҲА БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, маҷлисҳои ҳисоботӣ аз натиҷаи фаъолияташон дар семоҳаи аввали соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда баргузор гардида истодаанд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Файзободи боло” маҷлиси ҳисоботӣ аз натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва нақшаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор карда шуд.

Дар рафти маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Нусратова Шаҳноза, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд. Маҷлиси баргузоргардида аз масъалаҳои зерин иборат буд.

1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар даваи се моҳаи аввали соли 2023;

2. Расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;

3. Мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати “Модар- Ватан”;

4. Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгаро ва терроистӣ;

5. Созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем”;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Вобаста ба мавзуҳои рӯзномаи маҷлис иштирокчиён баромад намуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.