ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА ДАР ТИ “ХАТИ РОҲ”

Кӯлоб: Ҳисобот  

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА ДАР ТИ “ХАТИ РОҲ”

Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, маҷлисҳои ҳисоботӣ аз натиҷаи фаъолияташон дар семоҳаи аввали соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда баргузор гардида истодаанд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Чорбоғ" маҷлиси ҳисоботӣ аз натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва нақшаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор карда шуд.

Дар рафти маҷлис мудири шуъбаи кор бо занон Мунавараи Бозоралӣ, мудири шуъбаи таблиғот Нусратова Шаҳноза, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд. Маҷлиси баргузоргардида аз масъалаҳои зерин иборат буд.

1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи се моҳаи аввали соли 2023;

2. Расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;

3. Мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати “Модар- Ватан”;

4. Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгаро ва терроистӣ;

5. Созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем”;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Вобаста ба мавзуҳои рӯзномаи маҷлис иштирокчиён баромад намуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.