ТУДАКАФШ - ДЕҲАИ ҚАДИМТАРИН БА ҲИСОБ МЕРАВАД.

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ТУДАКАФШ - ДЕҲАИ ҚАДИМТАРИН БА ҲИСОБ МЕРАВАД.

Барои вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар ба ифтихори 35 – солагии истиқлоли давлатӣ гузаронидани озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи беҳтарин ба роҳ монда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар қисми Шарқии шаҳри Кӯлоб канорест, ки деҳае бо номи Тудакафш арзи вуҷуд мекунад. Пайдоиши деҳа мувофиқи нақли мардони солхӯрда ва куҳансол чунин аст:

Деҳаи Тудакафш яке аз деҳаҳои қадимтарини шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб рафта, дар шимолу Шарқии он ҷойгир аст. Аслан бунёди аввалини деҳа ин дар поёни шаҳрчаи Сино буд. Вале бо кадом сабабҳои номаълум, ин деҳа ба ҷои ҳозирааш кӯчид ва истиқоматкунандагонаш тоҷику ӯзбекҳо будаанд. Таърихи номгӯзории ин деҳа аз мазори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз ёфтааст. Ҳазор сол пеш зиёраткунандагон аз мамолики Шарқу Ҷануб тавасути ҳамин мавзеъ вориди шаҳри Кӯлоб шуда, ба зиёрати бузургвор мушарраф мегардиданд.  Ба ин макон расидан замон аз рӯи ҳурмат ва эҳтироми бузургвор ҳама зоирон кафшҳои худро аз пой берун карда, сипас суйи мақбараи ҳазрати Сайид Алии Ҳамадони раҳсипор мешуданд. Зиёраткунандагони ин мазори бузург ба воситаи аспҳо меомаданд. Мувофиқи ривоятҳо Тудакафш аз ҳисоби кафшҳое, ки зиёраткунандагон мазори Мир Сайид Алии Ҳамадонро ҳангоми ба зиёрат омадан аз пой кафшҳояшонро бадар менамуданд ва пойи луч ба зиёрат рафта, дар бозгашт кафшҳои худро гирифта, боз бар ватани худ бармегаштанд, ном гирифтааст. Шумораи меҳмонону ихлосмандони бузургвор он қадар зиёд буд, ки ҳар рӯз онҷо ғарам-ғарам тудаи кафшҳо ба амал меомад. Дар он солҳо истиқоматкунандагони ин деҳа хеле кам буданд. Ҳамин ҳодиса сабаб гашта бо мурури замон он маконро Тудакафш номиданд.

Тудакафш деҳаест, ки дар шафати шаҳри Кӯлоб воқеъ гардидааст. Номи деҳа аз ҷамъи калимаҳои Туда (тоҷикӣ)-бисёр, ғарам ва кафш пояфзол-гирифта шуда, маънояш ғарами пойяфзол мебошад. Деҳа 1000 сол пеш дар қисмати Ҷанубу-Ғарбии деҳаи имрӯза дар қисмати чапи Дарёи (соҳили) Балхобӣ (Тебалай) ҷойгир шуда буд. Ба мурури замон талаботи зиёд ба об сокинони деҳаро маҷбур намуд, ки сол аз сол ба соҳили дарё наздиктар манзил созанд ва ҳамин тавр деҳа аввал ба қисмати Шарқӣ ва баъдан ба тарафи шимолӣ самт гирифт. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ Тудакафш аслан аз тарафи Шакарбой ном шахс, ки худ як марди деҳқони тоҷик буд ва ба қавми узбекҳо дӯстӣ дошт, обод карда шудааст. Дар ин қисмати шаҳри Кӯлоб баландие мавҷуд аст, ки онро Шакар-Баланд ном мебаранд. Шакар-Баланд кӯҳест, ки ба ҳамаи бошандагони ин маҳал азиз аст. Номи Шакар-Баланд ҳам аз номи Шакарбой гирифта шуда аст. Шакарбой шахси дорое буд, ки ба мардуми зиёд дасти ёрӣ дароз карда, онҳоро ба воситаҳои истеҳсолот, замин, тухмӣ ва говҳои ҷуфтӣ таъмин намуда, ба парвариши зироат ва чорводорӣ диққати махсус медод, баъзан ба ин баландӣ баромада ба мавзеъҳои поёнӣ, ки мардум машғули кор буданд, назорат мекард. Мардум аз ин ҷиҳат ин кӯҳро баландии Шакарбой ном мебурданд ва то ба имрӯз он номи Шакар-Баланд маълум аст.

 

ДЕҲАИ МАН - ИФТИХОРИ МАН!

Деҳаи ман - ифтихори ман! Таҳти ҳамин шиор мардуми деҳа рӯй ба тозагию бунёдсозӣ то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ тамоми кушишҳоро сафарбар намуданд. Ба ин васила, то ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳаро ба яке аз деҳаҳои беҳтарини ҷумҳурӣ мубадал менамоянд.

Мардуми деҳа, мардуми меҳнатдӯст ва ободкор мебошанд.

Қишлоқаки ман бӯйи чапоти дорад,

Ширинии ширинии тути дорад.

Аз чуби дарахти бед дар ҳар хона,

Гавҳораи чуби малакути дорад!

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Қарори раиси вилояти Хатлон ва қарори раиси шаҳри Кӯлоб озмуни вилоятӣ оид ба муайян намудани хона, оила, кадбону, деҳа, маҳалла, деҳоти беҳтарин" баргузор гардид.

Дар ин замина ғолибони даври шаҳрии озмуни вилоятӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру деҳоти Кӯлоб санаи 6 январи соли 2023 бо диплом ва мукофотҳои хотиравӣ аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб бо Диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Бояд зикр намоем, ки ғолибони озмуни мазкур ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

 

ИФТИХОРИ ҲАР ЯК СОКИНИ ДЕҲА!

Зикр бояд кард, ки дар ҷамъбасти соли 2022 деҳаи Тудакафш дар озмуни шаҳрии “Деҳаи беҳтарин” бо дипломи дараҷаи ду, сокини деҳа - Саъдуллоев Рустам дар наминатсияи "Оилаи беҳтарин" бо дипломи дараҷаи ду, ҷой дуюм ва Аввалова Гулдаста дар наминатсияи "Хонаи беҳтарин" бо дипломи дараҷаи се, сарфароз гардиданд

Ин ҷоизаҳо ба ҳамаи ҳамдеҳагон муборак бошад!

Мо, шарвандони шаҳри Кӯлоб барои боз ҳам зебо шудани шаҳри азизамон аз деҳа сар карда, то маркази шаҳр тамоми кӯшишҳоро сафарбар менамоем.

Ҳабибулло Қурбонзода, Салим Сайвализода, Муслим Усмонзода – сокинони деҳа