ДИДОРБИНИИ САРБОЗОН АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛИНИ ҲИЗБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 31.12.2022 тибқи супоришҳои директори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот муовинони директор оид ба таълим н.и.т Қурбонов Бобохон, оид ба илм ва татбиқот н.и.т Исоев Собир,  оид ба тарбия Юсупова Шаҳло ва дигар омӯзгорон ба дидорбинии афсарону сарбозони қисми низомии 13483 (Д) Қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб рафта ба онҳо вохурии самими доир карда шуд. Муовини директор оид ба таълим Қурбонов Бобохон табрикоти директори Донишкадаро ба афсарону сарбозон расонида қайд доштанд, ки воқеан хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи муқаддаси фарзандона ва мояи ифтихору шарафи бузург аст. Имрӯз Артиш миллӣ ин мактаби шуҷоат, далерӣ, бародарӣ, рафоқат, худшиносӣ ва ватандӯстии ҳар як ҷавонмард аст. Қарзи муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки сулҳи устувору тамомияти арзии Тоҷикистони азиз ва ягонагии миллии халқи онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.  Дар ин баробар дигар иштирокдорон низ таманиётҳои хешро ба сарбозон расонида сарбозон барои чунин таманиётҳо изҳори сипос намуданд.
Дар ин дидорбини ба сарбозон як қабил маводҳои ғизои кумак расонида шуд. Сарбозон ин қисми низоми ба роҳбарияти Донишкада барои чун дастгириҳо изҳори сипосу минатдорӣ баён намуданд.