ҲИЗБИЁНИ КӮЛОБ ДАР ОБОДИИ ВАТАН САҲМГУЗОРАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ҲИЗБИЁНИ КӮЛОБ ДАР ОБОДИИ ВАТАН САҲМГУЗОРАНД
Бо истифода аз обу ҳавои мусоид дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парастор” маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти корҳои созандагию ободонӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Парастор Бадарғаева Сурайё, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.
Ногуфта намонад, ки дар ин ҳашари дастаҷамъона зиёда аз 60-адад дарахтони арча дар гирду атрофи майдони варзишии муассиса шинонда шуд, ки ҳусни дигаре ба ин макон зам намуданд. Дар ин баробар бо зиёд намудани дарахтони сабзу ҳамешасабз метавонем, ки дар ҳифзи муҳити атрофи ва нигоҳдошти атмосфера ҳиссагузор бошем.
Чунин корҳои созандагию бунёдкорӣ мунтазам аз ҷониби ҳизбиёни Кӯлоб идома хоҳад ёфт.