ВОХӮРИИ ШАРИФҶОН ҲАКИМЗОДА- ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗАРБДОРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру супоришҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 22 октябри соли равон мутобиқи бандҳои 283 ва 284 барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон вакилон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ баромаданд.

Дар ин замина дар  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри  Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода  вохӯрӣ бо хонандагону омӯзгорон баргузор гардид. 
Зимни баргузории вохӯрии мазкур оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва 30 –соли иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "30 –соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат" суханронӣ намуда, доир ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар зимни ироаи Пйёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021 вазифагузорӣ намуданд. Ҳамчунин, вобаста ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, инчунин садоқат ба халқу Ватан ва сарҷамъ гардидан дар атрофи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд. Ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ба сокинон тавсияҳои судманд доданд.