САЙРИ ОСОРХОНА-БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Асозода Ҳотам бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сайри осорхонаи шаҳри Кӯлоб ташкил карда шуд. Дар ин иқдом тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии шаҳри Кӯлоб  аз осорхона ва Муҷтамаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дидан намуда, аз дирӯзу имрӯзи шаҳри худ огоҳ гардиданд.

Мақсад аз баргузор намудани ин чорабинӣ ин тарбия намудани насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва огоҳ гардидан аз асли хеш аст.