АКСИЯИ "ДАБИСТОНИ ТОЗА ВА БЕПАРТОВ" ДАР МТМУ №4-И ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоев Файзалӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳри Кӯлоб аксияи “Дабистони тоза ва бепартов” амал мекунад. Дар доираи ин аксия гӯшаи "Дастаи сабз" ташкил карда шуда, хонандагон, омӯзгорон ва волидайн аъзои он мебошанд. 

Мақсад аз амалӣ намудани ин аксия ин коркарди партовҳо ва сохтани ашёҳои дастӣ аз партовҳо мебошад. Аъзоёни дастаи сабз партовҳои коркардшавандаро ҷамъоварӣ намуда, дар вақтҳои холигӣ бо истифода аз қоғазҳои ранга ва партов ҳар гуна ашёҳо месозанд.