ДУНЁ ҲАМЕША ДАР ТАЛАБИ МАРДИ ҚОБИЛ АСТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дарвоқеъ, ҳамин тавр аст. То андозае ин қонуни табиат гаштааст. Чун қобилони даҳр буздил, гӯлугаранг, носипос, тарсу, ҳиллагар, иблистабиат, бахилу нотавон, беномусу беор… набуда, дар ҳар кори савоб ва махсусан, ҳифзи Ватану ҳамватан синаи хешро сипар карда, қаҳрамонӣ, диловарӣ, ҷавонмардӣ, ғаюрӣ, ҷонфидоӣ… зоҳир мекунанд. Ин амалеаст, ки аз ҷониби Пайғамбари Худо – ҳазрати Муҳаммад (с) «Ҳуб-ул-ватану Ҳуб-ул-башар» таъкид шудааст: «Ҳифзи ҳар зарраи хоки Ватан аз имондорист».
Чандсол боз ҳамсояҳо-Қирғизҳо, ки солҳои сол бо ҳам дар фазои сулҳу якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебурдем, бо дассисаи кадом ифротие, ҳасуде, чоҳхоҳе, ҷаҳаннамии иблисифате бо мо ба муноқиша омада, дар ҳавои тасарруфи хоки биҳиштии Тоҷикистон чандин маротиб ба ҷангу хунрезӣ хестанд. 
Ин навбат, моҳи сентябри соли ҷорӣ боз қирғизҳо аҳдшиканона алайҳи мо ба ҷанг бархостанд, бедодгарӣ намуда, ҳодисаҳои нангину хунин ва сахту сангинро ба бар оварданд. Аз ҷониби мардбачаҳои ватанхоҳи тоҷик ин амри таҷовузкоронаи онҳо беҷавоб намонд. Онҳо чун рӯбоҳҳои тарсу боз пас шуданд, гурехтанд. Аммо аз худ асари нохайру номуборак гузаштанд.  41 – нафар ҷавонон, ки аз худ далерӣ, зоҳир намуда, ҷон нисор намуданд. Бале, ин аберагони Рустами диловар, Темурмалики ғаюр,   Спитамену Муққанаи номдор, ворисони бузургони олам дар роҳи Ватан ҷон доданду як зарра хокашро надоданд. Душманону бадхоҳони Тоҷикистонро зарур аст то бидонанд, ки тоҷики асил дар рӯҳияи таъкидҳои адибону забардастони миллати хеш тарбия ёфта, алайҳи душманони худ пойбарҷоанд. Саркӯб намудани душманро мояи ифтихору мардонагӣ медонанд. 
 Диловарони тоҷик – ҳар як тоҷикистонӣ хуб медонанд, ки дар ҳифзи Ватан қурбон шудан, бешак, ҳукми шаҳидӣ дорад. Ватандӯстӣ пешаи мардони мардона аст. Онҳое, ки дар роҳи посдории хоку обу нони Ватан ҷоннисорӣ кардаанду аз худ бузургие, шуҷоате, нотарсие зоҳир намудаанд, шаҳид шуданд гумони ғолиб аст, ки намунаи ибрати пасовандони халқи хешанд.
 Дар қатори чилу як нафар ҷонбохтагони ҳасратӣ – фарзандони беназиру ҳақиқии Модар-Ватан, ки дар чеҳраи ҳар кадомашон нури Иллоҳӣ медурахшид Меҳроҷиддин Миралиев, Саидҷалол Расулзода, Раҳматуллои Шамсизод,  Ҳасан Сафаралиев, Зиёратшоҳ Сафаров ҳам буданд. Чӣ илоҷ хости тақдиру сарнавишт будааст. Бале, «Ҷавонмарганд мардони ҷаҳонгир», - гуфтаанд. 
 Онҳо рафтанд, вале бенишон нарафтанд. Корнамоиҳояшон, қаҳрамониҳояшон онҳоро зиндаи абадӣ, ҷовидон мегардонад. 
«Ном чун ҷовид шуд, мурданаш осон кӯҷост», - гуфтааст бузурге. 
 Таъкид медорам, ки ному кори онҳоро ба вартаи фаромӯшӣ бурдан, кори носавоб асту убол. Мо мардуми Тоҷикистони халқпарварро зарур аст, ки сиёсати Ватанхоҳонаву башардӯстонаи Сарвари кишварро ба роҳбарӣ бигирем, дар ҳифзи Ватану ҳамватан бошем. Ҳамаи Тоҷикистониёнро, мардуми оламро бандагони Худодониста, дӯсташон бидорем, хайрхоҳашон бошем, кӯрнамаку разил набуда, чун дигарон ҳамсояи ҳорису ҳасадбар набошем. 
 Дар ҳошияи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр ҳайатеро бо сардории вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Кӯлоб – Ситора Одиназода тадорук доданд. Ин ҳайат тибқи тавсия ва таъкидҳои раиси шаҳр ба аёдати волидону фарзандон ва хешу ақрабо шаҳидони роҳи Ватан рафта, бо дуои бахайре рӯҳи онҳоро шод намуданд. Аз номи роҳбарияти мамлакат изҳори тассалият намуданд. Ногуфта намонад, ки сиёсати хирадмандона, башардӯстона, ватанхоҳонаи Сарвари давлат асоси меҳвари фаъолияти хеш намудаем ва чун як фарди фидоии ин хоку об, ин миллат, ин халқ кушиш ба харҷ медиҳем, ки дар ҳама вазъият дар паҳлуи мардум бошем ва онҳоро дарстгирӣ кунем.


 Волидони ҷигархуну дилреши ин диловарон, ки ҷони хешро фидои тенҷӣ ва оромии диёру ҳамдиёр карданд, аз ҳавас, ормонҳо нияту орзуҳои фарзандони хеш бо гулӯгиреҳ баста, нимшунаво суханҳои аламолуда гуфтанд. 
 Модари Меҳроҷиддин ҳикоят кард, ки боре ба писарам, ки хизматчии ҳарбӣ буд, гуфтам:
- Писарам, корат пурхатар аст. Хуб мебуд ба кори дигар мегузаштӣ. Меҳроҷиддин бо таваҷчӯҳи хосса, бо лабҳои ба табассум моил маро гӯш кард. Баъди анҷоми сухани ман гуфт:
- Очаҷон, ман садқаи ин суханони гарму ширинат. Донистам, ки аз дӯстдории беандозаат ин андешаро мекунӣ. Охир, ман фарзанди Модар-Ватан ҳастам. Мо ҷавонмардон хизмати хоки худ, халқи хешро накунем, ватансоз набошем, дар ҳифзи диёру сокинонаш устувор наистем, пас, ин амали хайру савобро бароямон кӣ мекунад?!!! Баъди ин суханонаш дасташро ба гарданам ҳамоил карда, аз болои рӯймоли сафеди сарам бӯсид. 
- Ман аз гуфтаи хеш пушаймон шудам. Ҳис кардам, ки дар ботини бачаи ман ҷавҳаре аз мардиву ватандӯстӣ дурахшон будааст. Дар охир ин модари ҷигарбирён бо овози омирона гуфт: «Фарзанд азиз, вале Ватан азизтар». Ӯ ба суроғаи муҳтарам Сарвари давлатамон, раиси шаҳр, мо аъзоёни комиссия, халқи кабири тоҷик дуои ба хайру муборак гуфт ва бо уфи сӯзон ин ҳикматро ба забон овард:
 Зиндаву ҷовид монд, ҳаркӣ накуном зист,
 К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.
 Мусаллам аст ва далели таърихӣ низ мебошад, ки тоҷик боре даст болои сари касе – ҳамсояе, давлате ва халқияте набардоштааст. Ба нони кассе ҳавас накардаву хонаи касеро харобазор насохтааст. Таҳаммулпазир, босабру дурандеш буда, чун бузургони баруманди хеш нигоҳу диди ояндабинӣ доранд. Ба носипосӣ, кӯрдилӣ, бахилӣ, ноҷавонмардии душманонаш, то замони корд ба устухон расиданаш тоқат мекунад, аз онҳо гузашт менамояд. 
 Аммо аз ин хислатҳои азалии тоҷикон ҳамсоягони беандеша чун киргизҳои ноогоҳ ба мунокиша хеста, аз он бегумон, ки гӯри худро бо дасти хеш мекобанд. 
Ин хулоса аз ростӣ дур набуда, балки ҳақиқати маҳз аст. 
Тоҷики асилу ватансозу ободгар ватанфурӯш набудаву дар ҳифзаш ҷонбоз аст. Ин ҳикматро ҳар як душмани ин мулку маъво бояд бидонад, ки шиори тоҷики номдор аст:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Рӯҳатон шоду манзили охирататон обод бошад, ҷигарбандони миллат!
 Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд,
 Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст.