Ташаббусҳои созандаи  ҳизбиён  дар амал!. 

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилотҳои ибтидоии Хизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар радифи  дастуру  ҳидоятҳои  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Точикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  мақсади  татбиқи  босамари  ҳадафҳои  созандаи барномавии  ҲХДТ, дар  самти рушди  инфрасохтори  деҳот, ташкили  корҳои  ободоню  созандагӣ, таъмири  муассисаҳои  таълимӣ  ва синфхонаҳои  иловагӣ  дар  маҳаллу  деҳот  ҳамчун  ташаббус ва  ё  аксияҳои  ҳизбиро  зери  унвони  «Якҷоя месозем!» бо  таври  муташаккилона  роҳандозӣ  карда  истодаанд.

Бо  ташаббуси  Кумитаи  иҷроия   ва   дастгирии   аъзои   фаъоли ҳизб аз  ташкилоти  ибтидоии  деҳаи  "20-солагии Истиқлолият"  дар  якҷоягӣ  бо  вакили Маҷлиси вакилони халқи  ноҳия Кабирова Раҷабмоҳ  дар доираи 35 солагии Истиқлолияти  давлатӣ дар  назди  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 20  деҳаи 20-солаги Истиқлолияти Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза 4 синфхонаи  иловагӣ ба нақша гирифта шуда, аллакай дар он корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтааст. 

Ин  иқдоми нек аз  ҷониби  аъзоёни  фаъоли  ҳизб  ва шахсони эҳсонкору саховатманд минбаъд  низ дар  ҳамаи  самтҳо идома  ёфта,  дар рушди  минбаъдаи  кишварамон саҳми босазо  мегузорад.