ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРҲОИ АВВАЛИНДАРАҶАИ ҶАҲОНИ МУОСИР

Н.Хусрав: Вокуниш  

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намудаанд. Қайд шуд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, бўҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст.

Дидан мумкин аст, ки чи тавр дар ин давлатҳо терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд ва доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ дар ин давлатҳо торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Ҳарчанд Истиқлолият майдони фарохеро барои қабули санадҳои ҳуқуқӣ дода бошад ҳам, миллатсозиву ҷомеасозӣ ва бунёди давлати пешрафта кори хеле мушкил аст. Ҳаракатҳои динии ифротгаро барои вайрон кардани асосҳои дин дар ҷомеа ва барои амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсӣ таъсис ва таҳмил дода шудаанд. Бо сӯиистифода аз эътиқоди мардуми мусулмони ноогоҳ мехоҳанд ҳадафҳои сиёсии худро амалӣ созанд.

Намунаи ин ҳаракатҳо дар Осиёи Марказӣ ҷараёни салафия буд, ки дар Тоҷикистон низ бо истифода аз пастии сатҳи маърифати динии мо муддате фаъол гашт. Оҳиста –оҳиста сафи худро аз ҳисоби навҷавонон, донишҷӯён, тоҷирон ва ҳатто занону духтароне, ки аз таълимоти ислом бехабар буданд, зиёд карда, ба масъалаҳои ақидавии мардум таъсиргузорӣ менамуданд.

Барпо намудани баҳсу мунозираҳо ё сабти суханрониҳояшон дар фитаҳо ва паҳн намудани онҳо якбора таъсирашонро дучанд кард. Вале мақсади ниҳоии онҳо баъди халалдор кардани фазои динии кишвар аён гардид. Дар рӯзномаву маҷаллаҳо дар бораи ин ҷараёни навпайдои динӣ баҳсу мунозираҳои зиёд ба чоп расиданд.

Масъала то ҷое расид, ки таъқиби шаҳрвандон аз рӯи мансубияташ ба дину мазҳаб, беқурб гардонидани арзишҳои миллӣ- фарҳангӣ, ворид намудани тафриқа дар миёни пайравони мазҳаби ҳанафӣ, ки бештари аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, шуғли муқаррарӣ гардид. Ин раванд ба тезу тунд гардидани фазои иттилоотии кишвар ва аз ҳама муҳимаш хатари халалдор гардидани амнияти кишварро ба миён овард.

 

 Ширинбеков Ширинбек - аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав.