МУСОБИҚА БАҲРИ МУСТАҲКАМ КАРДАНИ РОБИТАИ ДӮСТӢ

Н.Хусрав: Созандагони ватан  

Бахшида ба   31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  ташаббуси  гурӯҳи корӣ  дар ҳайати Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав  Саидмуродова Шаҳло, муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав   Машҳура Азимзода  ва  мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қодирзода Ҷовидон  дар Дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми “Сангоба”  қисми ҳарбии 0317  -и ноҳияи Носири Хусрав  дар байни афсарону сарбозон мусобиқа дар намуди шоҳмот ва волейбол  доир гардид.      

Мақсад аз баргузор намудани  мусобиқа дарёфти варзишгарони беҳтарин ва мустаҳкам намудани робитаи дӯстии сарбозон, ки аз ҳамаи  минтақаҳои  Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ фаро гирифта шудаанд, мебошад.