АЁДАТИ САРБОЗОН БО ДАСТОВЕЗИ ИДОНА

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав гурӯҳи корӣ дар ҳайати  Раиси ноҳияи Носири Хусрав Шарифзода Маҳмадаюб Сайнимон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав  Саидмуродова Шаҳло  муовинони раиси ноҳия, судяи Суди ноҳияи Носири Хусрав Назариён А. Н, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Вазирова Ҷаҳонгул, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қодирзода Ҷовидон 22.02.2024 дар арафаи ҷашни 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба аёдати сарҳадбонони  Дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми “Сангоба”   қисми ҳарбии 0317 бо дастовези идона нону шириниҳо рафтанд ва  бо вазъи хизмати сарҳадбонони Дидбонгоҳи мазкур  аз наздик шиносоӣ пайдо карданд.

Раиси ноҳияи Носири Хусрав Шарифзода Маҳмадаюб Сайнимон сарбозону афсарони  Дидбонгоҳи мазкурро бо ин санаи муборак  табрик намуда, ба онҳо дар  химояи марзу буми Ватан  музаффарияту муваффақият таманно намуд.

Раиси ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб Сайнимон иброз намуд, ки таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бунёди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аз хизматчиёни ҳарбии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳисси баланди ватандустӣ, масъулиятшиносӣ, азму иродаи қавӣ, интизоми устувори ҳарбӣ, донишу маҳорати мукаммали касбӣ ва зиракии доимии сиёсиро тақозо менамояд.  

Бинобар ин шумо низ зиракиву ҳушёриро аз даст надода, дар ҳифзи сарҳад  ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошед, гуфт дар фарҷоми баромадаш  раиси ноҳия

 Баъди баромади раиси ноҳия судяи Суди ноҳияи Носири Хусрав Назариён А. Н, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав  Саидмуродова Шаҳло, муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав Машҳура Азимзода суханронӣ намуда, изҳор намуданд, ки афсарону сарбозони Дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми “Сангоба”  қисми ҳарбии 0317  низ мисли афсарону   сарбозону  шуҷои Артиши миллӣ минбаъд низ рисолат ва ухдадориҳои худро бо рафтору интизоми намунавӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ адо намуда, ҷашнҳои бузургу муқаддаси давлатиро бо сарбаландиву дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд. Дар охир аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сарбозон китобҳо ҳамчун туҳфа тақдим карда шуд.

 Ба  хотири болидаруҳии сарҳадбонони Дидбонгоҳи ноҳия аз ҷониби ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия консерти идона баргузор гардид.