ҲИМОЯИ САРҲАДИ ВАТАН РИСОЛАТИ МОСТ!

Н.Хусрав: Созандагони ватан  

Бо ташаббуси ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав имрӯз гурӯҳи корӣ дар ҳайати Саидмуродова Шаҳло, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав, Алиҷон Ашурматов вакил аз участкаи интихоботии № 12, Элдор Ғуломҳайдаров муовини мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба дидорбинии сарҳадбонони Дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми “Сангоба” қисми ҳарбии 0317 рафтанд. Омӯзгорони фанни дифои ҳарбии муассисаҳои таълимии № 9, 10, 11, 19 , 24 зиёда аз 50 нафар хонандагони синфҳои болоиро барои шинос шудан бо шароити хизмати сарҳадбонони Дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми “Сангоба” қисми ҳарбии 0317 бурданд.

Хонандагон, омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ ва ҳайати гурӯҳи корӣ бо шароити хуби хизмати сарҳадбонон шинос гардиданд.
Хонандагон ваъда доданд, ки мисли ин ҷавонони нотарсу далер талош менамоянд, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мешаванд ва барои Ватан хизмати содиқона менамоянд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ инчунин барои сарҳадбонон маҳсулоти хӯрокворӣ аз қабили нон, равған, картошка, пиёз ва сабзӣ ва як таҷҳизоти барқии 80 литраи обгармкунӣ (термекс) бурданд.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки чунин амалҳои хайрхоҳона аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Шаҳло Саидмуродова ва вакилони ноҳиявӣ пайваста дар арафаи иду ҷашҳо амалӣ мегарданд