МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ ИДОМА ДОРАД

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, 5-уми феврал бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав мавсими ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ шурӯъ гардид.
Дар маъракаи ободониву ниҳолшинонӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Саидмуродова Шаҳло ва кормандони корхонаву муассисаҳо иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Саидмурдова Шаҳло бо шинондани аввалин ниҳол ба ин маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ оғози расмӣ бахшид.
Шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгаштҳо, ба авзои экологӣ таъсири амиқи худро гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.
Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани талу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.