ПОККОРӢ ВАЗИФАИ МОСТ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Рӯзҳои ҷумъа ва шанбеи ҳар ҳафта кормандони ташкилоту муассисаҳо аъзоёни фаъоли ҳизб ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав дар ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи идораву корхонаҳо ва кӯчаҳои шаҳраки ноҳияро аз партовҳо тоза менамоянд.
Кормандони ташкилоту муассисаҳо аз мусоидии ҳавои имсола истифода бурда, аз моҳи декабр ба ниҳолшинонӣ оғоз намуданд.
Дар таърихи 2.02.2024 кормандони ташкилоту муассисаҳо дар шоҳроҳи калони ноҳия ба ҳашар баромаданд. Гирду атрофи шоҳроҳи калони ноҳияро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза намуданд.
Дар нақша аст, ки ҳафтаи оянда дар ҷойҳои тозакардашуда дарахтон шинонида мешаванд.
Кормандони Шабакаҳои барқи ноҳияи Носири Хусрав низ барои тозаву озода намудани шоҳроҳи калон дастаҷамъона ба ҳашар баромаданд.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия пайваста дар корҳои ободонӣ ва поккорӣ саҳми муносиб мегузоранд.