МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮИ НАМУДИ ФУТБОЛ БАРГУЗОР ГАРДИД

Н.Хусрав: Созандагони ватан  
 Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиши намуди футбол, мустаҳкам намудани дӯстии байни ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, пешгирии ҷинояткорӣ ва қонунвайронкунӣ байни ҷавонону наврасон дар ноҳияи Носири Хусрав аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия нақша- чорабиниҳои мусобиқаҳои варзишӣ таҳия гардида, ҷавонони синни 18 ва 30 сола аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш баромад мекунанд. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиши намуди футбол дар майдончаи варзиши деҳаи "Сангоба"-и ноҳия мусобиқаи Футбол дар байни ҷавонон доир гардид,ки дар он 3- даста баромад намуданд.
Футболбозони дастаи Баҳори маркази ноҳия, дастаи Орзу ва дастаи Қизилкетман дар ин бозӣ иштирок варзиданд.