ОБОДОНИВУ ХУРАМГАРДОНӢ МАРОМИ МОСТ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар деҳаи Тулаганови Ҷамоати деҳоти "Фирӯза"-и ноҳияи Носири Хусрав вохӯрии гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо сокинони маҳалла доир гардид. Гурӯҳи корӣ нахуст аз муассисаи таълимии №3-и деҳаи Тулаганов боздид намуда, аз синфхонаҳои иловагӣ, ки нав сохта истодаанд, боздид намуданд.
Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Саидмуродова Шаҳло дар назди ҳозирин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, иброз намуд, ки соҳибкорон бояд бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ даст зананд ва мамлакати моро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати пешрафта муаррифӣ намоянд.
Дар фарҷом муовини раиси ноҳия Азимзода Машҳура суханронӣ намуда, сокинони ин деҳаро ба он даъват намуд, ки ҳар як сухани Пешвои миллатро, ки дар Паёми имсола садо доданд, сармашқи кору пайкори хеш қарор диҳанд . Аҳлона заҳмат кашанд, ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистонро ба макони афсонавӣ мубаддал созанд.