СОАТИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ РАҚАМИ 18 НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 14-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳаррӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ “Соати сиёсӣ” гузаронида мешавад.
Бо ин мақсад дар МТМУ-и №18-и ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки директори муассисаи таълимии мазкур Холиев Уйғун, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 9,10-11 амалиёти “Соати сиёсӣ”дар мавзуҳои зерин:
1. Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
2. Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶумҳурииТоҷикистон”
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”
баргузор гардид.