СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ 13 НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Соати сиёсӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13-и ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав

Баргузории амалиёти “Соати сиёсӣ” дар муассисаҳои таълимӣ
Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 14-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳаррӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ “Соати сиёсӣ” гузаронида мешавад.
Бо ин мақсад дар МТМУ-и №13-и ноҳияи Носири Хусрав  бо иштироки директори муассисаи таълимии мазкур, Рамонқулов Илҳом  омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 9,10-11 амалиёти “Соати сиёсӣ”дар мавзуҳои зерин:
1. Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
2. Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶумҳурииТоҷикистон”
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”
баргузор гардид