СОҲИБКОРОН ҲАМА ВАҚТ ДАР ОБОДОНӢ ТАЛОШ ДОРАНД

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ва созандагӣ аз тарафи соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав хуб ба роҳ монда шуда, сокинони деҳаи Бешкент кӯчаҳоро сангфарш ва пулҳои мошингузари деҳаашонро таъмир намуда истодаанд.
Соҳибкорони маҳаллӣ дар ин амали хайр ҳамарӯза саҳми муносиб мегузоранд.
Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳияи Носири Хусрав бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳашари дастаҷамъонаи сокинони ин маҳалла пули мошингузар, ки солҳои зиёд фарсуда буд, азнавсозӣ гардид.
Сохтмони купрӯк ва таъмиру азнавсозии роҳҳо яке аз амалҳои неки мардуми ноҳия ба ҳисоб мераванд. Ин корҳои наҷиб мушкили мардуми ин маҳалро осон мекунанд ва барои фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум аҳамияти аввалиндараҷа доранд.