МО ЯКҶОЯ ДЕҲААМОНРО ОБОД МЕКУНЕМ!

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

       Дар деҳаи Бешкенти Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳия ҷавонони боору номус ва ватандӯстдор бисёр ҳастанд. Ҳар яки ин ҷавонон бо роҳбарии ҷавони масъулиятшиносу ободкор Кенҷаев Ҳувайдо дар ободонии ин гӯшаи диёрамон саҳми арзишманд доранд.

       Бо ташаббуси Кенҷаев Ҳувайдо- аъзои фаъоли ҳизб дар ноҳия дар деҳаи Бешкент ҷавонони фаъоли ҳизби деҳа  байни ду Ҷамоати калонтарини ноҳия Ҷамоатҳои деҳоти “Истиқлол” ва “Наврӯз” пули калонро  таъмир намуда истодаанд.

    Қайд намудан ба маврид аст, ки ин ҷавонони фаъоли деҳаи Бешкент дар ҳамаи корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳия дар сафи пеш ҳастанд.