ТОЗАГИИ МАҲАЛ БА ХОТИРИ ПЕШГИРИИ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Н.Хусрав: Созандагони ватан  

        Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ пешвоз гирифтани соли навӣ мелодии 2024, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо, ба тартиб овардани боғҳои фароғатӣ истироҳатӣ ва гулгаштҳо, санаҳои 23-24 декабри соли равон аксия таҳти унвони “Ободии маҳал, ободии Ватан” бо ҷалби кормандони ҳамаи ташкилоту идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, раисони маҳала, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, имомхатибон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ эълон карда шудааст.

           Дар санаи 23-уми моҳи декабри соли равон бо иштироки тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия  ба хотири  сазовор пешвоз гирифтани соли нави мелодии 2024  гирду атрофи макони баргузории чорабинии идона  тозаву озода гардид. Дар ҳашари дастаҷамъона ба хотири поккории муҳити зист зиёда аз 100-нафар кормандони ташкилоту идораҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва волонтёрони  ТҶҶ “Созандагони Ватан”  иштирок карда, барои тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаҳо ба тартиб даровардани боғи фарҳангӣ фароғатии ноҳия саҳми худро гузоштанд.