ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ВОЛОНТЁРОНИ ТҶҶ "СОЗАНДАГОНИ ВАТАН"

Н.Хусрав: Созандагони ватан  

Санаи 22-юми декабри соли равон, дар асоси нақшаи кории намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав,   бо волонтёрони  ТҶҶ “Созандагони Ватан”  оид ба сабзу хуррам гардонии муҳити зист  вохӯрӣ  доир намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ масъулини Кумита  ба  волонтёрон оид ба ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист сӯҳбат оростанд Масъулин иброз намуданд, ки солими инсонҳо аз сабзу хуррамгардонии табиат  вобастагии зич дорад.

Бинобар ин алъон, ки вақти ниҳолшинонӣ аст, ҳамаи аъзоёни ҳизб  ва волонтёрон бояд дар ин маърака ширкати фаъолона намоянд.