МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНДУХТАРОН

Н.Хусрав: Созандагони ватан  

Мусобиқаи варзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳошияи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ ва нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар МТМУ №10 ва 11-и ноҳияи Носири Хусрав дар байни наврасон ҷавондухтарон, ки асоси ТҶҶ "Созандагони Ватан"-ро ташкил медиҳанд, аз рӯи намудҳои варзишӣ, аз намуди гимнастика, футбол, волейбол  байни муассисаҳои таълимӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса гузаронида шуд. Қабл аз оғози мусобиқа мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдарова Камила ҳозиринро оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, нақши бузурги Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор ва пойдории сулҳу субот дар кишвар, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат дар робита ба оби тоза ва ҳифзи пиряхҳо, тарзи дурусти ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ибрози андеша намуданд. Дар мусобиқа аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия фаъолона ширкат намуданд. Ба ғолибони мусобиқа туҳфа ва сипосномаҳо тақдим шуд.