САҲМ ГУЗОШТАН ДАР ОБОДИВУ ШУКУФОИИ ВАТАН

Н.Хусрав: Созандагони ватан  


             Саҳм гузоштан дар ободиву шукуфоии ватани худ вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ба ҳисоб рафта, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист рисолати ҳар як соҳибватан аст. Шаҳрак ҳамчун маркази ҳар як шаҳру ноҳия, оинаи ноҳия ба ҳисоб рафта, ба тозагӣ риоя намудан ва зиндагӣ намудан дар шаҳрак талаботҳои ба худ хосро дорад. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нақша-чорабиниҳои хешро тартиб дода, мунтазам дар маркази ноҳия ва бо дастгирии аъзоён ва ҷонибдорони ҲҲДТ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳашарҳои дастаҷаъмонаро ба роҳ мондаанд.

         Имрӯз бошад, ҳизбиёни ноҳияи Носири Хусрав дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизбӣ дар МТМУ№6 ҳашари дастаҷамъонаро ташкил намуда, даромадгоҳи муассисаро аз хасу хошок, партовҳо ва алафҳои хушку зардшуда тоза намуданд.