АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МТМУ №25

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар МТМУ №25-и ноҳияи Носири Хусрав Амалиёти "Соати сиёсӣ" бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сафаров Нурхон, мутахассиси бахши омор ва махзани ягонаи электронӣ Болтаев Муҳриддин  оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дастовардҳои даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба амалишавии барқияи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 04.04.2023 №12  доир ба эълон намудани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва масъалаҳои ҷорӣ ба хонандагон фаҳмонида шуд.