CОКИНОНИ ДЕҲАИ БЕШКЕНТ РОҲИ ОБОДКОРИРО ПЕША КАРДААНД!

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

 

Дар деҳаи Бешкенти Ҷамоати деҳоти Исиқлоли ноҳияи Носири Хусрав корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо карда, рӯзҳои истироҳатӣ сокинони деҳаи мазкур ба ободии диёр машғуланд.

Сокинони диёрдори деҳа иқдоми шоистаи ибрат ва тарғибро ихтиёр карда, барои таъмини аҳолии деҳа бо неруи барқ ва рушнии доимии шабона аз тарафи худи сокинон 20 адад симчӯб оварда шуда, васл карда мешаванд. Дар иҷрои ин кор саҳми аҳолии деҳа назаррас буда, нишони сарҷамъию иттифоқ будани сокинони деҳаро шаҳодат медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки дар деҳа ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Деҳаи Бешкент»  фаъолият дорад ва раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Қаюмов Тошмурод мебошад. Ҳамзамон, Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Деҳаи Бешкент» пайваста бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия робитаи зич доранд.