ЗАҲМАТУ ТАЛОШҲО БРОИ ПЕШРАФТИ ЗИНДАГӢ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

         Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи носири Хусрав дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 23.12.2022 ироа намуд, мавриди татбиқи ҳамаҷониба қарор додааст.

         Ҷиҳати саҳигузорӣ дар таъмини амнияти иҷтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ва дар ин росто сари вақт ба беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахта дар ноҳияи  Носири Хусрав Ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шудааст. Ҳадафи асосии  Ситоди мазкур аз он иборат аст, ки роҳбарони муассисаву ташкилотҳо  ҳангоми ҷамъ овардани ҳосили пахта назоратро мустаҳкам менамоянд, то  ҳосили пахта  сари вақт, беталаф ҷамъоварӣ шуда,  ба давлат супорида  шавад. Чуноне ки имрӯз дар Ситоди ноҳиявӣ  иттилоъ доданд, майдони умумии кишти пахта дар ноҳия 3270 гектарро ташкил дода, то ба ҳолати имрӯза  2,175 тонна пахта ба давлат супорида шудааст, ки  28,4 %-ро ташкил медиҳад.

             Кумитаи иҷроия корҳои тарғиботиро миёни сокинони ноҳия ҷиҳати сарфаю сариштакорони истифода бурдани вақт ва пайвата барои созандагию бунёдкории хонаи худ, деҳаи худ, маҳалли худ ва дар умум Тоҷикистони азизамон меҳнати содиқонаю софдилона намуданро пайваста роҳандозӣ намуда истодааст.