Мизи мудаввар дар мавзӯи “ Истиқлолият - неъмати бебаҳо”

Н.Хусрав: Созандагони ватан  

           Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав  бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, фаъолон, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”   силсилачорабиниҳо ташкил намуд.

 Бахшида ба ин Ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳия бо ҷалби  васеи кормандони  Беморхонаи Марказии ноҳия  мизи мудаввар дар мавзӯи “Истиқлолият –неъмати бебаҳо” доир гардид.

    Нахуст Шаҳло Саидмуродова Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав кормандони беморхона-аъзоёни фаъоли ҳизбро ба  муносибати ин санаи бузурги таърихӣ , яъне, 32 солагии Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд ва ба ҳамаи онҳо дар ҳифзи саломатии мардум ва амнияти кишвар муваффақиятҳои беназир орзу намуд.

Сипас ҳар як аъзои ҳизб фикру андешаҳои хешро оид ба ба бузургии Истиқлолият, ки рамзи ҳастии миллат аст, баён доштанд .

Дар фарҷом ризокорон аз ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба иштирокдорони мизи мудаввар  буклетҳо ва китобчаҳои ҳизбӣ  тақсим намуданд.