Ободокорӣ ба хотири ояндаи дурахшон

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии  Истиқлоляти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав саънаи 22.08.2023 корҳои  ободонию созандагиро  ба  роҳ  монда, амалисозии дастурҳои роҳбарияти болоии ҳизб дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои  ибтидоӣ ҳизбӣ роҳандози  намуда, бо дастгирии  сокинони шаҳраки  “Баҳор”-и ҷамоати деҳоти “Фирӯза”-и ноҳияи Носири Хусрав аксияи ҳизбии  «Якҷоя  месозем!»  баргузор  намуда, роҳи даромади  шаҳраки номбурдаро  зиёда аз  2,200 км  мумфарш намуда ва роҳи пиёдагард аз навсозӣ шуда  истодаанд.  Дар баргузории  аксияи  мазкур  Раиси  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳия  Саидмуродова Ш, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав  иштирок намуданд.  Қайд намуданд, ки  мақсаду мароми  Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон  муҳаё  намудани шароити зиндагии шоиста барои  ҳар  як  сокини  кишварамон  мебошад. Ҳар як ташаббуси созандае, ки мо ба анҷом  мерасонем, баҳри  беҳбудӣ  ва  зиндагии  шоистаи  мардум  мебошад.