ЗАХИРАИ МАВОДИ ҒИЗОӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД!  

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Захираи маҳсулоти кишоварзиро барои гузаронидани давраи зимистон сокинони ноҳияи ноҳияи Носири Хусрав бо тарзу намудҳои гуногун анҷом медиҳанд. Агар чанде номгӯи маҳсулотро бо роҳи хушконидан ва ё дар шароити сардхона ба таври тару тоза захира намоянд, усули дигари маъмул ин консервакунонӣ, инчунин омода намудани афшураю шарбат ва хӯришу мураббо мебошад. Дар мавсими ҳосилғундорӣ сокинони деҳаи “Арабхона” ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳияи Носири Хусрав  сабзавоту мевагиро ба миқдори зарурӣ захира намуда, дар фасли зимистон аз он истифода мебаранд. Имсол низ сокинони деҳа номбурда бо истифода аз шароити мусоид дар ҳар як хона аз помидору бодиринг, карам, мевагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ хӯришҳои гуногун, мураббо, консерваҳо ва шарбату афшура омода кардаанд, ки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Саидмуродова Ш  дидан намуданд. Бояд гуфт, ки қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ қатъӣ риоя гардида, занону духтарони ҷавон аз рӯи тавсияи нафарони соҳибтаҷриба амал менамоянд. Барои захираи маҳсулот қариб аз ҳамаи намуди меваю сабзавот дар минтақа парвариш ёфта бо риояи қоидаҳои муқарраргардида захира мешаванд.Имрӯз масъулини хоҷагии ёрирасон маҳсулотҳои кишткардаи худро барои зимистон захира намуда истодаанд ва ҷамъоварии маҳсулот идома дорад.