ОБОДКОРӢ БА ХОТИРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии  Истиқлоляти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав санаи 18.07.2023 корҳои  ободонию созандагиро  ба  роҳ  монда, амалисозии дастурҳои роҳбарияти болоии ҳизб дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбӣ роҳандозӣ  намуда, бо дастгирии  сокинони деҳаи Сангобаи ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав аксияи ҳизбии  «Якҷоя  месозем!»  баргузор  намуда, роҳи даромади  деҳаи номбурдаро  зиёда аз  3.5 км  мумфарш намуда истодаанд.  Дар баргузории  аксияи  мазкур  раиси  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳия  Саидмуродова Ш, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Асроров Саидшо, котиби ҷамоати  деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав Ҷумаев Ҳасан иштирок намуданд. Асроров Саидшо қайд намуданд, ки  мақсаду мароми  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон  муҳайё  намудани шароити зиндагии шоиста барои  ҳар  як  сокини  кишварамон  мебошад. Ҳар як ташаббуси созандае, ки мо ба анҷом  мерасонем, баҳри  беҳбудӣ  ва  зиндагии  шоиста  барои  худи мо мебошад.