АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ "МАКТАБИ МАН"

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Дар муассисаи таъҳсилоти миёнаи умумии №1 и ноҳияи Носири Хусрав бо ҷалби аъзо ва чонибдорони ҳизбӣ ва саҳмгузории шахсони саховатманд корҳои таъмири синфхонаҳо бо маром ҷараён дорад. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Саидмуродова Шаҳло аз рафти таъмири муассисаи дар боло зикр гардидашуда диднан намуд. Бояд гуфт, ки маъмурияти муассиса Асотсиатсияи падару модарон ва соҳибкорону шахсони хайрхоҳ тасмим гирифтанд, ки то оғози соли нави хониш таъмири синфхонаҳоро анҷом диҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки аснои баргузории хонишҳои сиёсӣ дар доираи ташаббуси созандаи “Мактаби ман” хатмкунандагони ин боргоҳи илм низ ҷалб гардида саҳми муносиб мегузоранд.