ДЕҲҚОНЗОДАИ АСИЛ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Хоҷагии деҳқонии “Тӯхтасин” , ки роҳбарии онро кишоварзи варзида Болтаев Тӯхтасин ба ӯҳда дорад, дар деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти “Фирӯза”-и ноҳияи Носири Хусрав мавҷуд мебошад. Хоҷагии деҳқонии “Тӯхтасин” 8 гектару 40 сотих замин дар ихтиёр дорад. Дар майдони  1 гектар сабзавотҳои полезӣ, дар 2 гектар майдон юнучқа,  дар майдони 2 гектар гандум, дар 3  гектар пахта ва дар майдони 40 сотих    дигар намуди сабзавотҳо   шинонда шудааст. Ба боду ҳавои гарму номусоиди  ноҳия нигоҳ накарда, ин деҳқонзодаи асил кӯшиш мекунад, ки аз замини  дар ихтиёрдоштааш ду-се бор ҳосили хуб ба даст орад. Тухтасин бо ҳамроҳии аҳли оила ва саҳмдорон дар замин кор карда, ҳосили хуб ба даст меоранд ва дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас доранд.