ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ РОҲАНДОЗӢ ШУДАИСТОДААСТ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии  Истиқлоляти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  ободонию созандагиро  ба  роҳ  монда,  амалисозии дастурҳои роҳбарияти  болоии  ҳизб дар  ҳамаи  ташкилотҳои  ибтидоӣ ҳизбӣ  роҳандози  намуда  истодааст. Бо ташаббуси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  ва  Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукумати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» баргузор  намуда, роҳи даромадгоҳи шаҳраки “Баҳор”-ро бо масофаи  зиёда аз 2-км мумфарш намуда истодаанд. Дар баргузори  аксияи  мазкур муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сафаров Нурхон иштирок варзида қайд намуд, ки  мақсаду  мароми  Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон  муҳаё намудани шароити зиндагии  арзанда  барои  ҳар  як  сокини  кишварамон  мебошад, ҳар  як  ташаббуси  созандае, ки  мо ба  анҷом  мерасонем баҳри беҳбудӣ ва зиндагии шоистаи  худи мо мебошад.