ҶАВОНОН - УЗВИ ЯК ОИЛА

Н.Хусрав: Созандагони ватан  

Санаи 17-уми май дар асоси нақша-чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон - узви як оила” мусобиқаи варзишии волейбол байни духтарон дар ноҳияи Носири Хусрав барои дарёфти ҷоми раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид, ки муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав Азимзода Машҳура, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Носири Хусрав Саидмуродова Шаҳло, сармуҳаррири рӯзномаи “Бешкент” ва иштирокчиёни мусобиқа  иштирок варзиданд. Мусобиқа байни хонандагони мауассисаҳои таълимии рақами 1,2,11 ва 26 баргузор гардид, ки аз инҳо ҷои 3-юм насиби МТМУ №2, ҷои 2-юм МТМУ №1 ва ҷои 1-ум МТМУ №11, яъне соҳиби Ҷоми раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гардиданд.