ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

22-июни соли  1941 Германияи фашистӣ бар зидди Иттиҳоди Шуравӣ аҳдшиканона, ноогоҳона ҳуҷум намуд. Аз ноҳияи Носири Хусрав  қариб 800 нафар ҷавонмардони асил ба ҷанг рафтанд ва мардонавор ҷангиданд.  Аз ҷумлаи ин ватандӯстон Эшмирзо Пардаев ва Мамадиев  Тағойназар низ буданд.  Занони ин мардони қаҳрамон дар ақибгоҳ   бо меҳнати ҳалол дар замин  кор карда, ба ҷанговарон маводи озуқа, либоси гарм мефиристонданд. Аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳия ягон нафар дар қайди ҳаёт нест. Аммо барои поси хотири онҳо дар ҳар як иду ҷашнҳо бо ташаббуси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ба аҳли оилаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тӯҳфаҳои моливу пулӣ тақдим мегардад. Дар санаи 6-уми майи соли 2023 ба истиқболи 78 –умин солгарди Ғалаба бар зидди Германияи фашистӣ бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав аз ҷониби вакилони ноҳия барои посдории хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  Эшмирзо Пардаев ва Мамадиев Тағойназар ба аҳли оилаҳояшон собиқадорони меҳнат Суюнова Нурҷамол ва Мамадова Зулбибӣ маводи озуқа аз ҷумлаи картошка, пиёз, сабзӣ, равған, орд  ба миқдори 2210 сомонӣ ба хонаҳояшон бурда, тақсим карда шуд. Ҳамчунин ба ин ду оила миқдори 1000 сомонӣ  маблағи пулӣ ва дастагул  тақдим гардид.