ВОХӮРӢ БО МАҚСАДИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар таърихи 24-уми моҳи апрели соли равон дар Муассисаи таълимии №6-и ноҳияи Носири Хусрав  бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Саидмуродова Шаҳло вохӯрӣ бо омӯзгорон-аъзоёни ташкилоти ҳизбӣ доир гардид. Раиси Кумита нахуст ба  иштироккунандагон оид ба аъзо шудан ба ҲХДТ дар ноҳия ва гирифтани билети ҳизбӣ, ки он ифтихори ҳар як шаҳрванд аст, суҳбат намуд.

Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия дар мавзуъҳои гуногун оиди ба Артиши миллӣ ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон, пешгирии насли наврас аз шомилшавӣ ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ, хониши хуб ва рафтори намунавии хонандагон суҳбат намуд. Саидмуродова Шаҳло аз омӯзгорони муассиса даъват ба амал овард, ки дар тарбия ва таълими насли наврас ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд, балки наслеро ба воя расонанд, ки воқеан ҳам созандаи ҷомеаи нав бошад ва ба ҷомеа ва мардум нафърасон бошад. Мавсуф қайд  намуданд, ки насли имрӯза,  ҷавонони саодатманди  тоҷик, зодагони  даврони  истиқлол аз  муҳаббату  самимияти  Пешвои  миллат пайваста  баҳравар  ҳастанд. Бинобар ин, аз шумо, омӯзгорон вобастагии калон дорад, ки ба онҳо таълиму тарбияи хуб диҳед, то онҳо тавониста бошанд, тамоми  кӯшишу  ғайрати  худро дар  роҳи  созандагиву  бунёдкории  Ватани  азизи  худ  сафарбар  намоянд.

Ҳамчунин, оид ба ҳифзи табиат, сабзу хуррамгардонии гирду атрофи муассисаи таълимӣ ва манзилҳои истиқоматӣ, оид ба кишт намудани ҳар ваҷаб замини дар ихтиёрдошта, захираи дусолаи озуқа  ба аъзоёни ташкилоти ҳизбӣ маслиҳатҳои муфид дода, гуфт,  ки  бо меҳнати софдилона ва заҳмату талошҳои хастанопазир  ҷашни бузурги миллӣ -  35-солагии Истиқлоли  давлатамонро  бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоем.