“ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ” БА ХОТИРИ ОБОДИИ ДИЁР.

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо  мақсади пайрави  аз  сиёсати  хирадмандонаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, раиси  муаззами  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, аъзо  ва  ҷонибдорони ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  созандагиву бунёдкориҳоро  идома  дода   истодаанд. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ба  хотири  саҳм  гузоштан  дар  таҷлили  сазовори муқаддастарин ҷашни  миллиӣ  35-  солагии  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  санаи  25-уми  апрели  соли  равон  барои  ояндаи  ободии  Ватани  азизамон дар деҳаи Хамро Олимов Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки раиси ноҳияи Носири Хусрав Шарифзода М.С, раиси Кумитаи  иҷроияи Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав Саидмуродова Ш ва аъзоёни пайравони ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав маҷлис баргузор карда шуд. Маҷлис дар доираи васеъи иштирокчиён баргузор гардида фарогирии зиёда аз 330-нафарро дар бар мегирад.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав                                                                                 Ҳайдарова К