ДАРСҲОИ СИЁСӢ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баргузории  ташаббусҳои  ҳизби «Соати  сиёсӣ»  ва  «Мактаби  ман» дар ноҳия баргузор мегарданд. Ба ташаббуси  ҳизбиёни  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  Ноҳияи Носири Хусрав   санаи  14.04.2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ва Гимназия №1  Амалиёти  муштараки  «Соати  сиёсӣ»  ва «Мактаби ман!» дар  сатҳи  баланд  баргузор гардид.  Дар  Соати сиёси аз  тарафи омӯзгорони  соҳибтаҷриба, ва кормандони кумитаи иҷроия дар  мавзӯъҳои баланд  бардоштани  маърифати  сиёсию  ҳуқуқии   ҷавонон”,Чалби  ҷавонон  дар бунёди   ҷомеаи  шаҳрвандӣ  ва ба  таҳсилоту  илмомӯзи, омӯзиши  касбу  ҳунар, ихтирооту  кашфиёт,  “Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои терористию экстримисти”  ки  аз  ҷониби  Кумитаи  иҷроия дар  ноҳия пешниҳодшуда буд дида баромаданд. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Саидмуродова Ш  баромад намуда, оид пайравони   гурӯҳҳои  террористӣ-экстремистии «Гурӯҳи 24», ТТЭ  ҲНИ,  Паймони  миллӣ, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои  иҷтимоӣ  ҳаргуна хабару  иттилои  бардӯруғӯ  фитнаангез, доир  ба  вазъи  феълии   кишвар ва Сарвари  давлат иғво  барангехта  бо   тобиши  барои  худашон  маъқул   пешниҳод  менамоянд, ки   ҷомеаро ба нофаҳми  меоранд. Ҳаргуна хабару  иттилои  бардӯруғу  фитнаангез,  ки пахш  мегарданд  фарсахҳо аз  ҳақиқату  адолат  хеле  дур ва асоси воқеъи надоранд, суханрони намуданд. Рафти  баргузории Амалиёти  «Соати  сиёсӣ"  ва  «Мактаби  ман!»  дар  муассисаи  таълимии  ноҳия  аз  ҷониби  масъулини  Кумитаи  иҷроия зери  назорати  қатъи  гирифта  шуда, ҷиҳати  дар  сатҳи  баланд  баргузор  гардиданашон   мусоидат  намуданд. Дар маҷмӯъ амалиёти муштарак дар  МТМУ №11 ва Гимназияи №1 дар  сатҳи  баланд  баргузор гардид.