БАРГУЗОРИИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи  01.04.2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Носири Хусрав  амалиёти  муштараки  «Соати  сиёсӣ»   дар  сатҳи  баланд  баргузор гардид.  Дар  "Соати сиёсӣ" аз  тарафи омӯзгорони  соҳибтаҷриба, ва кормандони кумитаи иҷроия дар  мавзӯҳои баланд  бардоштани  маърифати  сиёсию  ҳуқуқии   ҷавонон, ҷалби  ҷавонон  дар бунёди   ҷомеаи  шаҳрвандӣ  ва ба  таҳсилоту  илмомӯзи, омӯзиши  касбу  ҳунар, ихтирооту  кашфиёт,  “шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои терористию экстремисти”  ки  аз  ҷониби  Кумитаи  иҷроия дар  ноҳия пешниҳодшуда буданд, суханрони намуданд.  Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Саидмуродова Ш баромад намуда, оид ба пайравони   гурӯҳҳои  террористӣ-экстремистии «Гурӯҳи 24», ТТЭ  ҲНИ,  Паймони  миллӣ, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои  иҷтимоӣ  ҳаргуна хабару  иттилооти   бардӯруғу  фитнаангез, доир  ба  вазъи  феълии   кишвар ва Сарвари  давлат иғво  барангехта  бо   тобиши  барои  худашон  маъқул   пешниҳод  менамоянд, ки   ҷомеаро ба нофаҳми  меоранд. Ҳаргуна хабару  иттилои  бардӯруғу  фитнаангез,  ки пахш  мегарданд  аз  ҳақиқату  адолат  хелу  дур ва асоси воқеъи надоранд, суханрони намуд. Рафти  баргузории Амалиёти  «Соати  сиёсӣ"    дар  муассисаи  таълимии  ноҳия  аз  ҷониби  масъулини  Кумитаи  иҷроия зери  назорати  қатъи  гирифта  шуда, ҷиҳати  дар  сатҳи  баланд  баргузор  гардиданашон   мусоидат  намуданд. Дар маҷмӯъ амалиёти муштарак  дар  МТМУ №1 дар  сатҳи  баланд  баргузор гардид.