САҲМИ АРЗАНДАИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРИҲО

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя ҳал  мекунем” ба хотири ободии диёр. Бо  мақсади пайрави  аз  сиёсати  хирадмандонаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, раиси  муаззами  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, аъзо  ва  ҷонибдорони ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  созандагиву бунёдкориҳоро  идома  дода   истодаанд. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ба  хотири  саҳм  гузоштан  дар  таҷлили  сазовори муқаддастарин ҷашни  миллиӣ  35-  солагии  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  санаи  31-уми  марти   соли  равон  барои  ояндаи  ободии  Ватани  азизамон дар деҳаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” ноҳияи Носири Хусрав бо дастгирии раиси маҳалла ва сокинони ин деҳа пули мошингузаре, ки солҳои сол аз таъмин боз монада буд таъмиру аз навсози гардид. Ин иқдоми хайр бо ташабус ва дастгириҳои  аъзоёни КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав амали гардида бо маром идома дорад.