ДАР АМАЛ ТАТБИҚ НАМУДАНИ ҚУНУНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 01.03.2023 масъулон  дар  ташкилоти ибтидоии ҳизби МТМУ №25-и деҳаи  Муъминободи  Ҷамоати  деҳоти  «Истиқлол» чунин  вохӯриҳоро  баргузор  намуда татбиқи  ҳатмии  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи   масъулияти  падару  модар  дар  таълиму  тарбияи  фарзанд»,  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  « Дар  бораи  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023»  корҳои  фаҳмондадиҳиро  роҳандози  намуданд.  Дар вохури масъулини  КИ ҲХДТ  қайд намуданд  ва  аҳли  ҷомеа  оид  ба   баланд  бардоштани  нақши  насли  наврас дар  ҷомеа, таъмини ҳимоя ва  ҳуқуқу манфиатҳои  қонунии  ноболиғон, нигоҳ  доштани  онҳо  аз  зуроварии  калонсолон, гирифтани  таълиму  тарбия дар  фазои  оилаи  солим, пешгирии  ҳамагуна  ҳуқуқвайронкуниҳо  аз ҷониби   ноболиғон , таъмини   сатҳи  маърифати ҳуқуқии  ноболиғон ва  фароҳам  овардани  шароитҳои  мусоид барои тарбияи дурусти  насли  наврас, таъмини  иҷрои муқаррароти  қонунҳо корҳои  фаҳмондадиҳиро  ба  роҳ  монда  истодаанд. Дар вохури аз тарафи масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав қайд гардид, ки ҳар як падару модарон ва  аҳли ҷомеъаро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи фарзанд чидди рафтор намуда, кудакону наврасонро дар руҳияи инсондӯсти, дӯст доштани муқадасоти милли  тарбия намоянд.