ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАӢ ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Оиди дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳанги таҷлил намудани ҷашнгирии Наврӯзи  байналмилали  маркази  ноҳияи Носири Хусрав бо тарзи идона оро дода шуда, шиору навиштаҷотҳои наврузи дар ҳар як ташкилоту массисаҳои ноҳияви насб гардидаанд. Дар ноҳия обектҳои ҷашни ба ифтихори 35- солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, дар арафаи таҷлили иди Навруз дар ҷамоати деҳоти “Навруз”  аз ҳисоби соҳибкор Бобоқулов Рамзиддин  як адад фермаи мурғпарвари сохта ба истифода дода шуд, ки зиёда аз-10-ҳазор мурғ парвариш ёфта,  10-нафар шаҳрвандон ба кори доими сафарбар карда шудаанд. Дар ҷамоати деҳоти “Фирӯза” маҳаллаи Орзу бо дастгирии соҳибкор  Қурбонов Ҳасан  як  маркази таъмири нақлёт бо ҳама шароитҳои замонави сохта ба истифода дода шуда, 6-нафар шаҳрвандон ба ҷои кори доими таъмин гардиданд. Санаи  21 марти  соли 2023 бо  мақсади  таҷлили  ҷашни бошукуҳи  Наврӯзи  байналмилалли ва  барои  ободиву осудагии  Ватани  азизамон  дар  маркази  ноҳия  бо  иштироки  васеъи  кормандони  ташкилоту  муассисаҳо  сокинон ва  меҳмонон ҷамъомад баргузор  гардид.  Ҳамаи кормандони  ташкилоту  муассисаҳо, сокинони  ҷамоатҳои  деҳот  бо дастовезу  ҳунарҳои  дастӣ ва  хурӯкҳои Наврӯзи  дастахони  идона  ороста, омад- омади  баҳору  Наврӯзи Аҷамро  истиқбол  намуданд, ки хело хотирмон таҷлил гардид.И Дар баргузории   ҷашни  бошукуҳи Наврузи байналмилали   узви  КИ  ҲХДТ  дар  вилояти Хатлон раиси  ноҳияи Носири Хусрав  Шарифзода М.С ва  намояндаи  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон баромад  намуда,  сокинонро бо  фарорасии Иди  Наврӯзи  байналмилалли  табрику  муборакбод  намуданд. Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия, дар баргузории чорабинии бошукуҳи Наврӯзи иштироки фаъолона дошта, бо  барномаҳои консерти табъи иштирокчиёни чорабиниро болида гардониданд.