САХОВАТМАНДӢ НИШОНИ ВАТАНДОРИСТ.

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳимояи марзу бум ин қарзи ҳар як фарди ватандӯстӣ бонангу ори миллат аст. Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақша чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бахшида бо фарорасии фасли арӯси сол- Наврӯзи оламафрӯз дар қисми ҳарбии 0317-и дидбонгоҳи сарҳадии" Сангоба"-и ҷамоати деҳоти "Истиқлол"-и ноҳияи Носири Хусрав бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав аз тарафи вакилони ноҳия Умарзода Миноят ва Ашурзода Алиҷон ба аёдати сарбозон рафта аз ҳолу аҳволи онҳо хабар гирифтанд ва онҳоро бо ҷашни фархундаи Наврӯз табрику таҳният намуда, ба онҳо маводҳои хӯрока аз қабили  картошка, пиёз, биринҷ, нон, равған як адад телевизор инчунин кулчақандҳо ҳамчун идона тақдим  намуданд,ки маблағи умумӣ зиёда аз 2800 сомониро дар бар мегирад. Ин иқдоми хайр пайваста идома дошта,дигар вакилони халқи ноҳиявӣ тасмим гирифтанд, ки дар арафаи иди Саиди Фитр ба аёдати сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии дар дигар минтақа буда, кумаки худро расонанд.