АМАЛИЁТИ СИЁСИ ВА МАКТАБИ МАН.

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 16-18 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст ва тибқи он ҳар рӯзи душанбе  дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Вобаста  ба  амалӣ  намудани  нақшаи  амалиёти   муштарак оид  ба  таҳкими  низоми  таълиму  тарбия дар  муассисаҳои  таълимии  ҳудуди  вилоят тибқи  рӯйхат санаи 28.02.2023  дар  25  муассисаҳои  таълимӣ  ва  гимназияи  давлатии дар  ноҳия  мавҷуд  буда  дар маҷмӯъ дар  26  муассаҳои  таълимии  ноҳия дарсҳои  кушод зери  унвони  «Соати  сиёсӣ»  бо  иштироки  хонандагони  синфҳои  8-11  ва  «Мактаби  ман»   бо  иштироки  хатмкунадагони  муассисаҳо баргузор гардиданд.    

Дар  дарсҳои  кушод  хонандагони  синфҳои  8-11  муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ  омӯзгорону  намояндагони  Кумитаи  ичроияи   мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии ноҳия, ва кормандони шуъбаи  маорифи  ноҳия  тибқи  ҷадвали  таҳия  ва  тасдиқгардида   иштирок  намуданд.  Тибқи  маълумоти  пешниҳод намудаи  шуъбаи  маорифи  ноҳия  дар  Соатҳои  сиёсӣ   хонандагони  синфҳои  8-11 –и  муассисаҳои  таълимии  ноҳия  иштирок  намуданд.   Дар  ҳамаи  муассисаҳои  таълимӣ   бо дастрасии   интернет  ахборот  пешниҳод  гардид.

 Соатҳои  сиёсии  баргузор гардида дар  мавзӯҳои «Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ», «Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон», «Таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ»    дар  мувофиқа  бо  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  вилоят  интихоб  шуда, доир гардиданд. Маърӯзаҳо аз  ҷониби Намояндагони ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав, кормандони  шуъбаи  маориф ва  омӯзгорони   соҳибтаҷрибаву  лаёқатнок  тайёр  карда шуда,  ба  хонандагон ҳаматарафа  фаҳмонида  дода шуд.

Аз  мушоҳидаҳо оиди  баргузории амалиёти  муштараки «Соати  сиёсӣ» ва «Мактаби  ман» муайян  гардид, ки  мақсади  асосӣ таваҷчуҳу  ғамхорӣ  ба  мактабу  маориф  ва  фароҳам  овардани  шароити  мусоид  барои  наврасону   ҷавонон  мебошад.        

Дар  умум  амалиёти  муштарак   оид ба  таҳкими  низоми  таълиму  тарбия дар  муассисаҳои  таълими  ҳудуди  ноҳияи Носири Хусрав, дар  ҳамаи  муассисаҳои  таълими  ноҳияи  Носири  Хусрав   бо  низоми  нишондодашуда  ва бо  имкониятҳои  ҷойдошта  баргузор  гардиданд.

Дар  муассисаҳои  таълимии  №№ 8,12,13,14,18 ва  25-и  ноҳия  хатмкунандагон  тасмим  гирифтанд, ки  бо  назардошти  норасогии  синфхонаҳо сохтмони синфхонаҳо, насби дару тирезаҳо, панҷара гирифтани атрофи мактабро  дар  якҷоягӣ  бо  падару  модарон  амалӣ менамоянд..

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав шуморо бовар мекунонад, ки  дар оянда низ ин  амалиёт  дар  сатҳи  баланд  ва  бо  тайёрии  ҳаматарафа, мутобиқи  талаботҳои лозима  баргузор  гардида, дар    рушди  сохтори  маориф, таълиму  тарбияи  насли  наврас,  таҳсилоти  босифат   ва  имконияти  таъмини  моддиву  техникии  муассисаҳои  таълимӣ  саҳми  босазо  мегузорад.

Дар  баргузории  «Соати сиёсӣ» ва  «Мактаби  ман» сарпарастон  тибқи  руйхати  тасдиқшуда  фаъолона иштирок  ва  баромад  намуданд.  Аз рафти  баргузории  амалиёт  аксҳо  бардошта  шуда бо маълумотҳо ба  макомотҳои  болоии ҳизб  ва  сомонаҳои  интернетӣ ирсол ва  пахш   гардиданд.

 

                  Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти ҲХДТ                                         Ҳайдарова Камила